19:52 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
40701

Ду нафар - сокинони шаҳри Ҳисор дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази ангишт ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Фоҷиа шаби 31 декабр ба 1 январ рух додааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, 31 декабри соли 2020 ва 1 январи соли 2021, ду сокини шаҳри Ҳисор дар натиҷаи риоя накардани чораҳои бехатарӣ аз дуди ангишт фавтидаву як нафар дар беморхона бистарӣ шуд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони деҳот хотиррасон мекунад, ки системаҳои гармидиҳии оташдонҳо, ки метавонанд ба саломатӣ хатар эҷод кунанд, назорати қатъӣ дошта бошанд.

Ҷузъиёти дигари садама хабар дода нашудааст.

КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми боридани барф ва тағирёбии ногаҳонии ҳаво бояд ҳушёрии махсус зоҳир карда шавад.
Тағирёбии ҳарорат, шамолҳои шадиди тағйирёбанда ва боридани барф метавонад ба вайрон шудани дудбароҳо ва яхбандии болои онҳо оварда расонад, ки ин дар навбати худ, боиси қатъ шудани қисман ё пурраи кашиши дуд мегардад.

Барчаспҳо:
дуди газӣ, фоҷиа, Ҳисор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ