02:11 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
304 0 0

Ҳукумати Ӯзбекистон муқарраротро дар бораи тартиби ҳавасмандгардонии шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ хабар додаанд ё дар мубориза бо коррупсия ба тариқи дигар саҳм гузоштаанд, тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 4 январ - Sputnik. Хадамоти матбуоти Вазорати адлия мегӯяд, мақомоти Узбакистон ба шахсони алоҳида барои маълумот дар бораи ҳолатҳои коррупсия мукофотпулӣ пардохт мекунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳукумат бо фармони худ низомномаеро дар бораи тартиби ҳавасмандгардонии шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ хабар додаанд ё дар мубориза бо коррупсия ба тариқи дигар саҳм гузоштаанд, тасдиқ кард.

"Афроде, ки дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ гузориш додаанд ё дар мубориза бо коррупсия ба тариқи дигар саҳм гузоштаанд, метавонанд бо мукофоти яквақтаи пулӣ дар ҳаҷми аз 3 то 25 арзиши ҳисобшудаи асосӣ (аз 64 то 530 доллар - таҳрир) мукофотонида шаванд", - гуфта мешавад дар паёми Вазорати адлия.

Агар миқдори ришва ё зарари расонидашуда аз 100 маротиба зиёдтар аз нишондиҳандаи музди меҳнати ҳадди аққал бошад (аз 2,5 ҳазор доллар), пас мукофот дар ҳаҷми 10-15% аз арзиши ришва ё амволи тасарруфшуда пардохт карда мешавад, шарҳ додааст, хадамоти матбуот.

Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Ӯзбекистон, дар ду соли охир дар кишвар 986 мансабдор барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, зарари ин гуна ҷиноятҳо 2 триллион сӯм (тақрибан 200 миллион доллар) -ро ташкил медиҳад.

Фасодзадатарин ниҳод дар Ӯзбекистон эълон шуд

Аз 1 июли соли 2019 Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон барои сабти видеоии вайронкунии ҳаракат дар роҳҳо ба додани мукофотҳои пулӣ оғоз намуд. Маблағи подош барои ҳар як видео 5% аз музди меҳнати ҳадди аққал (тақрибан $ 3) -ро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
мукофотпулӣ, фасод, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ