13:58 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
487 0 0

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи мандарин боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳангоми навбатдорӣ дар наздикии шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом марзбонон мошини Mercedes-Sprinter-ро бо рақамҳои тоҷикӣ пайдо карданд, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир буд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон ба талаби марзбонон итоат накарда аз худрав нахостан фароянд ва талош доштанд ба хоки Тоҷикистон гузаранд.

Аммо ба иттилои манбаъ,  марзбонон онҳоро нигоҳ доштаву боздошт карданд.

Манбаъ мегӯяд, ҳангоми азназаргузаронии мошин марзбонон 4 тонна мандаринро бидуни иҷозат дарёфт карданд, ки арзиши тахминии борҳои қочоқӣ тақрибан 300,000 сумро ташкил дод.

Ин ниҳод ҳуввияти шаҳрвандони Тоҷикистонро зикр накарда, танҳо гуфтааст, боздоштшудаҳо 31 ва 35-сола ҳастанд.

Пас аз сабти асноди дахлдор, боздоштшудагон ва бор барои тафтишоти иловагӣ ба кормандони мақомоти салоҳиятдор супорида шуданд, афзудааст, манбаъ.

Дарозои марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки танҳо 504-тои он то кунун аломатгузорӣ шудааст ва дар  баъзе минтақаҳои наздимарзӣ қаламравҳои ду давлатро танҳо шоҳроҳҳо ҷудо мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ