19:01 16 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
309001

ВКД-и Тоҷикистон аз боздошти марди 27-солаи ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб хабар додааст, ки дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ахиран ба марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ба ШВКД шаҳр шикоят бурдааст, ки марди 27-солаи сокини ҳамин ҷамоат бо духтараш, ҷавонзани 24-сола, муддати 6-моҳ муносибати ошиқона доштааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки аз ҳамин сабаб аз охирҳои моҳи августи соли 2020 то инҷониб бо мақсади бо роҳи тамаъҷӯӣ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда, гумонбаршаванда аз ӯ дар якчанд лаҳза ба маблағи умумии 13 ҳазору 510-сомонӣ талаб карда гирифтааст.

“Санаи 4-уми январи соли 2021, номбурда ба ҷабрдида тариқи телефони мобилӣ занг зада, бо мақсади дар шабакаҳои интернетӣ паҳн накардани маводҳои бадномкунандааш аз ӯ маблағи 18 ҳазор сомонӣ талаб карда, дар вақти гирифтани 1 ҳазору 500-сомонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд”, - қайд кардааст  ВКД-и Тоҷикистон.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 2, банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Аксҳои оилаамро аз телефонам гирифту "шантаж" кард: тафсилоти "куштори номусӣ" дар Масчо

Ҳамзамон кормандони милитсияи Тоҷикистон зимни як амалиёт марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдатро бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, 4-уми январи соли равон, бо мақсади тайёр намудани ҳуҷҷатҳои замин аз марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб, бо роҳи тамаъҷӯӣ 35 ҳазор сомонӣ талаб намуда, дар вақти гирифтани 10 ҳазор сомонӣ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро идома доранд.

Барчаспҳо:
падар, боздошт, ҷиноят, Кӯлоб, тамаъҷӯӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ