00:52 21 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
176001

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи як садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” ронандаи 54-сола ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ин садамаи маргбор санаи 5 январ соати 11:30 дақиқа дар ҳудуди мавзеи "Тагоби Хушекат" - и ҷамоати деҳоти Айнӣ рух додааст.

Ҳалокати донишҷӯю табиб: ду садамаи маргбор дар Душанбею Шуғнон

Манбаъ қайд кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, Маърупов Файзуллои 54 - сола, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди мавзеи "Тагоби Хушекат”-и ҷамоати деҳоти Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 400-500 метр чаппа шудааст.

ВКД-и Тоҷикистон зикр кардааст, ки дар натиҷа, худи ронанда, Маърупов Файзулло ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садамаи маргбор дар Шаҳринав: ронандаи "КАМАЗ" пиёдагардро пахш кард

Дар ҳоли ҳозир, аз сӯи кормандони милитсия таҳқиқоти ин ҳодиса идома дорад.

Барчаспҳо:
ҳалокат, ронанда, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ