14:37 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
397 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ҳодисаи сӯхтор дар хонаи сокини ноҳияи Ашт хабар медиҳад, ки дар пай талафоти ҷонӣ дошт

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Дар Ашт пирамарди 76 - сола бар асари сӯхтор ҷон бохт, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор поси шаб хонаи сокини 76 - солаи ҷамоати Ориёнои ноҳияи Аштро ба коми худ кашид.

"Алангаи оташ дар як лаҳза шаби торику сарди зимистонро рушан кард ва садои сӯхтани чӯбу тахтаҳо ҳамсоягонро аз хоб бедор намуд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, пас аз чанд муддат оташнишонони ноҳияи Ашт ба ҷойи ҳодиса расиданд ва сӯхторро ба пуррагӣ хомӯш намуданд.

Аммо соҳибхонаи 76 - сола аз ин ҳодисаи нохуш ҷон ба саломат набурд ва миёни алангаи оташ ба ҳалокат расид.

ВУД сабаб, зарар ва гунаҳкори сӯхтор дар Панҷакентро гуфт

Муайян гардид, ки сӯхтор бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи бухорӣ (печка) сар зад.

Феълан мақомоти дахлдор ҳам сабабҳои аслии сӯхтор ва ҳам ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд.

Барчаспҳо:
ҳалок, пирамард, сӯхтор, Ашт

Мавзӯъҳои асосӣ