16:27 16 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
101220

Ронандаи ҷавон ба ҳадде худравашро тез меронд, ки танҳо дар як дақиқа 15 маротиба қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз намуд

ДУШАНБЕ, 7 январ - Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе ронандаи "рекордсмен" - ро боздошт намуданд. Ба иттилои котиботи РВУД дар пойтахт, як нафар корбари шабакаҳои иҷтимоӣ қонуншикании ронандаеро сабт намуда ба кормандони пулис ироа кард.

Дар навор ҳувайдост, ки ронанда ба қоида ва аломатҳои танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ тамоман аҳамият надода, ҳатто ба кормандони БДА низ итоат накард.

Дар асоси навор, ронандаи "рекордсмен" боздошт шуд. Мавсуф Абидов Юсуфҷони 25 - сола, сокини шаҳри Душанбе мебошад.

Ронандае, ки дар Душанбе ҷавонзанро таъқиб карду гап партофт, ҷарима шуд - навор

Зимни таҳқиқи навор муайян карда шуд, ки ронанда Абидов ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Шерозии шаҳри Душанбе ба ҳаракати бонизоми дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намуда, танҳо дар 1 дақиқаи ба наворгирифташуда аз 13 то 15 маротиба ҳолати садамавии хатарнок ба вучуд оварда, бар замми ин ҳангоми боздоштан ба талаботи қонунии кормандони БДА итоат накардааст.

акс аз сомонаи РВУД дар шаҳри Душанбе
Обидов Юсуфҷон, ронандаи "рекордсмен", ки боздошт шуд

Ба ҳамин минвол, нисбати ронанда тибқи талаботи моддаҳои 326 қисми 1 (Аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ) ва 329 қисми 1 (Талаботи қонунии корманди милитсияро бобати боздоштани воситаи нақлиёт иҷро накардани ронандагон) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои қабули қарори қонунӣ ба мақомоти Суд ирсол карда шуд.

Барчаспҳо:
навор, боздошт, қонуншиканӣ, ронанда

Мавзӯъҳои асосӣ