Бархӯрди ду худрав дар Суғд ба марги 2 нафар ва маҷруҳ шудани 3 тани дигар анҷомид

© Sputnik / Павел ЛьвовДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мошини сабукрав ба автомашинаи боркаш бархӯрд, ки дар натиҷа чанд тан ҳалок ва чанди дигар ҷароҳатдор шуданд

ДУШАНБЕ, 7 январ - Sputnik. Дар шимоли мамлакат садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа талафоти ҷонӣ ба бор овард, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Сход оползня на автодороге Душанбе-Худжанд  - Sputnik Тоҷикистон
Садама дар Анзоб: мошин чаппа шуду як нафар ҳалок гашт

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 6 январ, тахминан соати 04:20-дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод.

Садама замоне сар зад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс", Бобоев Хушбахти 18 - сола, сокини шаҳри Исфара аз ӯҳдаи идора кардани мошинаш набаромад.

Номбурда ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди "Деҳмой-Хуҷанд-Конибодом", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ба автомашинаи боркаши тамғаи "Чакман", таҳти идораи Асроров Акмали 30 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Обурдони ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.

Манбаъ меафзояд, зимни бархӯрди автомашинаҳо, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Бобоев ва мусофираш Ғафуров Мирзомуроди 32 - сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

ВКД-и Русия гуфт, муҳоҷирони кадом кишварҳои Осиёи миёна бештар садама мекунанд

Ичунин мусофирони дигари автомашинаи "Мерседес-Бенс", Отаёров Шодимуроди 46 - сола, сокини ноҳияи Рудакӣ, Отабоев Нуъмонҷони 30 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳия Ҷ.Расулов ва Қурбонбеков Бекназари 42 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0