Додгоҳ Дона Набиеви 81-соларо 7 сол зиндон кард: ВКД шарҳ дод

Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошту ҳабси Набиев Донаи 81-соларо шарҳ дод, ки бо фаъолияти экстремистӣ муттаҳам мешуд

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Набиев Дона зодаи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи деҳаи Гулбуттаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин 27 августи соли 2020 аз ҷониби мақомоти ВКД боздошт гардид.

Подследственный в СИЗО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Талоши Кумитаи дин барои баргардонидани маҳбусон аз роҳи ифротгароӣ

Манбаъ мегӯяд, баъди анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ, аз тарафи Суди ноҳияи Рудакӣ дар асоси моддаи 3073 қ. 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Ин ниҳод гуфтааст, Набиев Дона дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ даст дорад ва  дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афв гардида буданд.
Манбаъ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ 29-уми сентябри соли 2015 фаъолияташ расман манъ карда шуд, Набиев Дона маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошударо, тариқи истифодаи масири интиқоли маблағҳо аз кишварҳои сеюм қабул намуда, онҳоро барои паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард.

“Миқдори муайяни маблағҳоро тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии молиявии аъзоёни қаноти ҷангии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ – “Ҷамоати Ансорруллоҳ” ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол додааст;
− қисми боқимондаи маблағҳоро барои манфиатҳои шахсии худ истифода кардааст”.

Ин ниҳод гуфтааст, зимни таҳқиқу тафтиши парванда далелҳои шайъӣ пурра тасдиқи худро ёфтанд ва мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳар як шаҳрванд, новобаста аз ҷинсият, синну сол (баъди расидан ба балоғат) дар назди қонун барои кирдорҳои ҷинояткоронааш тибқи ҷазои дар моддаҳои қисми махсуси ҳамин кодекс пешбинишуда ҷавоб мегӯяд.

Назари худи Набиев Дона ва ҷониби ҳимояаш феълан дар бораи ин қазия маълум нест.


 

Лентаи хабарҳо
0