01:41 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
626 0 0

Ба як сокини Новосибирск муяссар шудааст, ки мошинҳои рабудаашро тавассути додгоҳи Душанбе баргардонад, ки қаллобон дуздидаву ба Тоҷикистон интиқол дода будаанд

 

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik.  Додгоҳи Душанбе ба сокини Новосибирск мошинҳои дуздидашудаи ӯро, ки дар Тоҷикистон пайдо шуданд, баргардонд, менависад хабаргузории “Красная Весна”.

Ба иттилои манбаъ, соли 2020 дар Новосибирск шаш мошин якбора дуздида шуда, ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Ба гуфтаи соҳибкори ҷабрдида, зодагони Тоҷикистон аз рӯи нақшаи зерин кор кардаанд: аввал мошин киро карданд, баъд онро барои интиқол ба шариконашон супурдаву худашон бо ҳавопаймо парвоз карданд.

Мошинҳо тавассути шӯъбаи кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе пайдо шуданд, ки аллакай дар Тоҷикистон будаанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамаи мошинҳо аз ҷониби гумрук ҳуҷҷатгузорӣ шуд, аллакай ба соҳибони нав супорида шудаанд, бинобар ин парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд ва дуздони мошин пайдо шуданд.

Ҳамин тариқ, суди Душанбе чор шаҳрванди Тоҷикистонро дар ташкили дуздии се мошин гунаҳгор донист.

Онҳо бояд ҷарима супоранд ва мошинҳои тамғаи Hyundai Solaris -ро ба намояндаи соҳибкор баргардонанд.

Маълум аст, ки мурофиаи судӣ барои боқимондаи мошинҳои дуздидашуда низ ба итмом расидааст.

"Мошинҳо ба Русия барнагаштанд, зеро марзҳо бастаанд. Мо аллакай яктоашро дар онҷо фурӯхтем, панҷтои дигар истодааст, мунтазири кушодани марзҳо ҳастанд", - илова кард ҷабрдида.

Ба гуфтаи соҳиби ин фурӯшгоҳ, бори аввал дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ барои дуздии мошинҳо аз Русия боз шудааст.

Қаблан ҷониби осебдида дар қаламрави Русия ба додгоҳ муроҷиат карда буд, вале бо истифода аз ин механизм бозгардонидани ягон мошин ғайриимкон буд.

Мавзӯъҳои асосӣ