13:13 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
138 0 0

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон асосан аз ҳисоби пиёз, сабзавоти аз ҳама бештар содиршаванда афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Аз моҳи январ то ноябри соли 2020 истеҳсоли сабзавот ва полезӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфт.

Ҳамин тариқ, дар зарфи 11 моҳи соли гузашта дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 қариб 100 ҳазор тонна зиёдтар маҳсулот ҷамъоварӣ карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Дар ин муддат кишоварзони тоҷик 989 ҳазор тонна картошка, 241 ҳазор тонна сабзавот, 742 ҳазор тонна пиёз, 452 ҳазор тонна мева ва 231 ҳазор тонна ангур парвариш карданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки ҳаҷми кадом намуди маҳсулоти кишоварзӣ афзуда, кадомаш дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст ё кам шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки аз моҳи январ то ноябр ҳаҷми картошкаи парваришшуда, сарфи назар аз васеъ шудани майдонҳои кишт, тақрибан бетағйир монд.
Ҷамъоварандагони мева низ каме афзоиш ёфтани ҳосилро қайд мекунанд. Дар айни замон, истеҳсоли ангур аз ҳисоби сардиҳои апрел як ҳазор тонна коҳиш ёфт.

Интиқоди вакил аз зуҳуроти нав дар истифодаи замин: ғайрирасмӣ иҷора медиҳанд

Бо вуҷуди ин, ҷамъоварии пиёз тағйироти мусбӣ нишон дод. Ин сабзавот аз ҳама содиротшавандатарин маҳсулоти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Миқдори пиёзе, ки дар ҷумҳурӣ дар 10 моҳи соли 2020 истеҳсол шуд, ба 701 ҳазор тонна расидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 230 ҳазор тонна зиёд аст.

Ғайр аз ин, дар гармхонаҳои Тоҷикистон 804 тонна помидор, 329 тонна бодиринг ва 186 тонна дигар сабзавот парвариш карда шудааст.

Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, майдони гармхонаҳо дар ҷумҳурӣ дар соли 2020 15,5 гектар зиёд шудааст.

Барчаспҳо:
содирот, истеҳсолот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ