04:10 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
50801

Сокини 27 - солаи шаҳри Ваҳдат аз рӯи хусумати шахсӣ, нимашаб ба манзили холааш ворид шуда, ӯву ҳамсарашро табар зад

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Кормандони милитсия дар шаҳри Ваҳдат ҷавонеро боздошт намуданд, ки дар сӯиқасд ба ҷони ду хешовандаш муттаҳам дониста мешавад, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур шаби 10 январ, тақрибан соати 02:55 дақиқа рух дод.

"Номбурда, шаби 10 январи соли 2021, тахминан соати 02:55 дақиқа, аз рӯи хусумати шахсӣ ба хонаи истиқоматии холааш, зани 59 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ворид шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, ҷавон бо табар 1 маротиба ба сари холааш ва 1 маротиба ба сари шавҳари холааш, марди 59-солаи сокини ҳамон ҷо, задааст.

Вазорат мардеро боздошт кард, ки додарашро чанд корд зад

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа, ҳардуи онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Феълан, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт, сӯиқасд, Ваҳдат

Мавзӯъҳои асосӣ