12:24 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
563 0 0

Додгоҳи шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон як сокини ин минтақаро бо ҷурми узвият дар гурӯҳи мамнӯъаи Салафия ба 5 солу шаш моҳ равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 13 январ – Sputnik.  Ба нақл аз дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, Ҳаитов Абдуллоҳ аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2020 ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Маскави Русия кору фаъолият намуда, аз аъзоёни номаълуми равняи "Салафия" таълимоти динӣ омӯхта, ба узвияти ин созмони ифротӣ ҳамроҳ шудааст.

Гуфта мешавад, ӯ  бо пайвастан ба Салафия ба тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистии ин равия тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет ба ҷалби шаҳрвандон машғул шудааст.

"Прокуратураи шаҳри Турсунзода аз рӯи ин ҳолат бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст", - таъкид намудааст манбаъ.

Додгоҳи кулли Тоҷикистон қайд кардааст, ки бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода Ҳаитов Абдуллоҳ гунаҳгор дониста шуд ва ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.

Дар Хуҷанд 6 тан ба ҷурми пайравӣ ба ҷунбиши "Салафия" маҳкум шуданд

Бояд гуфт, фаъолияти гурӯҳи Салафия дар Тоҷикистон бо қарори Додгоҳи олии ин кишвар дар солҳои 2009 ва 2014 мамнӯъ эълом шуда аст.

Тайи солҳои гузашта садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми гароиш ба Салафия боздошт ва маҳкум ба зиндон шудаанд.

Барчаспҳо:
Салафия, ҳукм, зиндон, муҳоҷир, Прокуратура, додгоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ