01:23 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1310 0 0

Дар як ҷаласа фаъолияти яксолаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд мавриди таҳлил ва баррасии масъулин қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар ҷаласа ширкат дошт, аз кори масъулини идораи сохтмони Хуҷанд изҳори нигаронӣ кард.

Ализода гуфт, барои 450 лоиҳаи сохтмоние, ки се соли пеш қитъаи замин ҷудо шуда буд, то ба ҳол дар аксари чунин лоиҳаҳо корҳо оғоз нашудаанд, вале масъулини ҳукумати Хуҷанд маълумот ғайривоқеӣ ироа намудаанд.

Муовини вазири тандурустӣ зикр намуд, ки зимни сафари кории Ҷамолиддин Абдуллозода, ба шаҳри Хуҷанд собит шудааст, ки дар қисмати бештари лоиҳаҳо корҳои сохтмонӣ оғоз нашудаанд.

"Ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмон мешавад ва иҷро шудааст, аммо амалан ҳамон иншоот нест худаш, замин холӣ истодааст”, - гуфт Ализода.

Дар ҷаласаи шаҳри Хуҷанд масъулини идораи сохтмон сабаби иҷро нашудани сохтмони як қатор иншоотро ба хуруҷи давраи пандемияи COVID-19 таъкид карданд.

Аммо муовини вазири тандурустӣ зикр кард, ки корҳои сохтмонӣ шурӯъ аз соли 2018 ба ин тараф иҷроношуда боқӣ мондаанд.

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки минбаъд масъулин нахуст корро иҷро намуда, сипас маълумот ироа намоянд.

“Нашри маълумоти бардурӯғ боварии мардум ба мақомотро коста менамояд”,- қайд кард Шарифзода.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 4 корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 муассисаи ташхисию табобатӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ, расадхона, 4 бинои истиқоматии баландошёна, 1 иншооти хати обрасонӣ ва 74 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ ҷамъ ба маблағи 121 миллиону 754 ҳазор сомонӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, дар ин замина 605 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Беморхонаҳо дар чӣ ҳоланд? “Рейди”-и шабонаи се муовини вазири тандурустӣ

Дар кори ҷаласа таъкид гуфта шудааст, ки то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, масъулин ҷараёни корҳоро тақвият дода, лоиҳаҳои то ин замон иҷроношудаи нақшавӣ ба иҷро расонида шавад.

Барчаспҳо:
омор, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ