18:52 03 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
954 0 0

Пас аз дар интернет паҳн шудани иттилоот дар бораи рахнашавии сарбанди обанбори Қайроққуми Тоҷикистон, сокинони ноҳияҳои вилояти Сирдарё саросемавор хонаҳои худро тарк карданӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik.Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Ӯзбекистонро хабари гӯё канда шудани сарбанди обанбори Қайроққум, воқеъ дар Тоҷикистон ба воҳима андохт.

Шоми рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот дар бораи рахнашавии сарбанди Тоҷикистон зуд паҳн шуд, ки дар байни шаҳрвандони баъзе ноҳияҳои вилояти Сирдарё воҳимаи шадид ба амал овард.

Баъзе одамоне, ки дар ноҳияҳои Мирзообод, Околтин, Сардоба зиндагӣ мекунанд, зуд аз хонаҳои худро тарк кардаанд ва дар роҳҳои минтақа фавран роҳбандӣ ба амал омад.

Пас аз он, Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон фавран расман эълон кард, ки чунин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд.

Изҳороти ин вазорат дар канали расмии Telegram-и ниҳод нашр шуд.

"Шоми 14 январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот паҳн шуд, ки гӯё обанбори Қайроққум, воқеъ дар ҳамсояи Тоҷикистон рахна шудааст. Ин маълумот дурӯғ аст ва ҳеҷ асосе надорад".

Пас аз он, вазорат бо такя ба маълумоти расмии КҲФ Тоҷикистон аз шаҳрвандони Ӯзбекистон даъват кард, ки ба овозаҳо бовар накунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ