23:43 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
121 0 0

Тибқи додаҳои ахири ин Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон имрӯз ба  93 миллиону 546 ҳазору 327 нафар баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 15 янв - Sputnik. Созмони ҷаҳонии тандурурстӣ охирин омори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳонро нашр кард.

Ба асоси додаҳои ахири ин ташкилоти ҷаҳонӣ теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон имрӯз ба  93 миллиону 546 ҳазору 327 нафар баробар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз аввали пандемия дар саросари дунё аз ин беморӣ 2 миллиону 2 ҳазору 668 нафар фавтидаву ҳамзамон, 66 миллиону 846 ҳазору 792 нафар пурра шифо ёфтаанд.

Тибқи оморҳои расмӣ дар Тоҷикистон беш аз як ҳафта аст, ки дигар гирифторони коронавирус сабт намешаванд. Теъдоди гирифторони ин беморӣ дар кишвар 13 308 нафар буда, аз он 13 218 нафар муолиҷашудагон мебошад.

Тайи шабонарӯзи гузашта дар 85 минтақаи Русия 24 763 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД – 19 ба қайд гирифта шуд, ки дар 13,8 дарсади беморон аломатҳои беморӣ дида намешуд. 

Теъдоди сироятёфтагон дар Қазоқистон то ҳол ба 165 311 нафар, дар   Қирғизистон 82 723 нафар ва дар Ӯзбекистон ба 77 777 кас мерасад.

ИМА, Ҳиндустон ва Бразилия аз кишварҳоеанд, ки ҳанӯз сатҳи баланди сироят қайд карда мешавад.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки дар садри ҷадвали гирифторони коронавирус қарор дорад,  боз як намуди хатарноки ин вирусро пайдо кардаанд.

Авурпоро дорад дубора коронавирус пахш мекунад.

Ангела Меркел, раҳбари Олмон тасмим дорад қарантинаи амалкунандаро шадидтар ва то 31 январ тамдид кунад. Фаронса низ тамоми афроде, ки аз дигар кишварҳо ба қаламраваш ворид мешаванд, ба қарантинаи ҳатмӣ муваззаф кардааст.

Бритониё бошад, марзҳояшро басту парвозҳо ба ҳама кишварҳои Амрикои Ҷанубиро маҳдуд кард.

Пас аз эмкунӣ дар Олмон 10 нафар ва дар Норвегия  23 нафар ҷон бохтанд.

Дар Иёлоти Муттаҳида, табибе пас аз гирифтани ваксина алайҳи коронавирус фавтид

Бразилия аз сеюмин кишвари зиёд олуда ба коронавирус истеҳсоли воксани русии  "Спутник V"-ро аз коронавирус оғоз шуд. 

Ин воксани русии ҳамзамон ба Венесуэлаю Фаластин ҳам расид.

Барчаспҳо:
омор, фавт, Ҷаҳон, вируси корона

Мавзӯъҳои асосӣ