19:05 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
580 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он марди солхӯрдае ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи гузашта, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа дар роҳи самти Душанбе-Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-450”, Маҳмудзода Исфандиёр Сафаралии 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норакро пахш намудааст.

Садамаи маргбор: ронандаи "Мерседес-Спринтер" зани 70-соларо пахш кард

Дар натиҷа, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки Ортиқбоева Савриниссо Мухторовнаи 70-сола, сокини ноҳияи Масчо зери чархи  "Мерседес-Спринтер"-и Юсупов Шаҳзод Мавлонович, сокини ҳамин ноҳия ҳалок шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ