01:10 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
110 0 0

Зӯҳри рӯзи 21 январ дар Бағдод ду таркиши мудҳиш рух дод, ки дар натиҷа теъдоди зиёди куштаву ҷароҳатбардоштаро дарпай дошт

ДУШАНБЕ, 21 янв – Sputnik. Вазорати дохилаи Ироқ ҷузъиёти ду таркиши маргталабонаи зуҳри имрӯз дар маркази Бағдодро мунташир кард, хабар медиҳад Парс тудей бо такя ба ИРНА.

Манбаъ аз қавли Холид Алмуҳанно сухангӯи вазорати умури дохилаи Ироқ дхабар медиҳад, ки аввалин террористи ҳомили камарбанди таркишӣ вонамуд карда, ки бемор аст ва вақте мардум дар атрофаш ҷамъ шуданд,худро мунфаҷир карда аст.

Зимнан, маргталаби дигар низ ба фосилаи андаке вақте мардум барои интиқоли захмиҳо ҷамъ шуданд, камарбанди интиҳории худро мунфаҷир кард.

Бар асари инфиҷор дар бозори марказии Бағдод 28 тан кушта ва 73 нафар захмӣ шуданд.

Инфиҷор дар Кобул 18 куштаю захмӣ барҷой гузошт

Ҳамзамон низ ҳамаи масирҳо ва вурудиҳои мунтаҳӣ ба минтақаи амниятии сабз дар маркази Бағдод, ки дафотири теъдоде аз ниҳодҳои байналмиллалӣ , сафоратхонаҳо ва дастгоҳҳои муҳими ҳукуматӣ дар онҷо қарор дорад, баста шуда аст. Ин минтақа ду километр аз майдони Алтирон фосила дорад.

Ҳанўз ҳеч фард ё гурӯҳе масъулияти ин ду инфиҷори интиҳорӣ дар Бағдодро то кунун бар уҳда нагирифта аст.

Барчаспҳо:
маргталаб, таркиш, Бағдод

Мавзӯъҳои асосӣ