06:31 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
13526 0 0

Ронандаи 46 - сола аз шаҳри Хоруғ бо 5 мусофир дар самти Душанбе ҳаракат мекард, ки дар нимароҳ ба садамаи мудҳиш рӯбарӯ шуд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз рух додани садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар километри 277 - уми роҳи мошингарди Кӯлоб - Хоруғ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 22 январ рух додааст.

"Ронандаи 46 - солаи автомашинаи "Landcruser", аз шаҳри Хоруғ бо панҷ мусофир самти пойтахт ҳаракат мекард, ки дар нимароҳ ба садама дучор шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, аз сабаби барфрезӣ ва шамоли сахт ронанда аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба ҷарии 40 метр сарозер шуд.

Дар натиҷа худи ронанда бо ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.

Тӯйхона мотамхона шуд: мошини домод замони барои арӯс рафтан дучори садама шуд

Гуфта мешавад, мусофирони дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон интиқол доданд. Маълумоти бештар дар мавриди фавтидагону ҷароҳатбардоштагон рӯйи даст нест.

Кумитаи ҳолатҳои фақулода ҳамчунин гуфт, рӯзи гузашта аз сабаби боришоти зиёди барф роҳи Шуғнон - Ишкошими ВМКБ муваққатан масдуд буд.

Барчаспҳо:
садама, Хоруғ, Душанбе, роҳ, мошин

Мавзӯъҳои асосӣ