03:34 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
209 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати мошиндуздӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ Абдулманит Ҷӯраев муроҷиат карда, аз дуздии мошинаш хабар додааст.

Муроҷиаткунанда, сокини деҳаи Алачабофи ноҳияи Рӯдакӣ арз доштааст, ки шаби 16 декабр шахсони номаълум вориди манзили истиқоматияш шуда, мошини “Мерседес бенз”-ашро дуздидаанд.

Маъмурини милиса дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Алиев Ҳасан, сокини ноҳияи Исмоили Сомониро боздошт кардаанд. ВУД мегӯяд, ин ҷавони соли таваллудаш 2002 қаблан низ суд шудааст.

Муттаҳам дар гузориши ВУД изҳор медорад, ки бо ҳадафи дуздии дучарха вориди манзили истиқоматӣ шуд, ки калидҳоро даруни мошин дид ва онро ҳай карда бурдааст.

Ба гузориши ВУД, феълан алайҳи Алиев парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Таъкид шудааст, ки мошин ба соҳибаш баргардонда шуд.

Назари бевоситаи муттаҳам ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.

Барчаспҳо:
боздошт, дуздӣ, мошин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ