05:00 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
4486 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз таркиши мудҳиш дар чойхонаи "Самарқанд" воқеъ дар шаҳри Панҷакент хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Дар чойхонаи "Самарқанд"- и шаҳри Панҷакент таркиш рух додааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 январ, тахминан соати 12:20 дақиқа сар задааст.

Таркиш дар НФС дар ноҳияи Ёвон 8 захмӣ бар ҷой гузошт- навор аз ҷои ҳодиса

Гуфта мешавад, чойхонаи мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ - 157 воқеъ буда, Тиллоев Ёлқини 42 - сола онро ба иҷора гирифта будааст.

Манбаъ меафзояд, бар асари риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар чойхона балони газ таркидаст, ки дар натиҷа чандин нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан 12 нафар бар асари рух додани ин ҳодисаи нохуш ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ҳоло мақомоти дахлдор аз рӯи ҳодисаи баамаломада тафтишот мебарад.

Барчаспҳо:
чойхона, таркиш, Панҷакент

Мавзӯъҳои асосӣ