05:34 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2141 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон гуфт, аз се нафаре, ки дар барфрезии шадид дар шаҳри Леваканд бедарак шуданд, ҷасади ду нафарашон пайдо карда шуд

ДУШАНБЕ, 29 янв— Sputnik. Ҷасади Солиев Муҳамадбаёни 46 – сола ва писараш Солиев Муҳамаддини 15 – сола дар масофаи 10-километрӣ аз хонаашон пайдо карда шуд.

Умеда Юсуфӣ, суҳангӯи КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар таъкид кард, ки ҷустуҷӯи Саидов Рустами 22 – сола, ки ҳамсояи оилаи Солиевҳо мебошад, феълан идома дорад.

Қаблан хабар дода шуд, ки ин се сокини деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканд, барои ҷустуҷӯи чорвои худ ба кӯҳ баромада, бедарак шуданд. Сокинони ин деҳа мегӯянд, тамоси охирон бо онҳо соати шаши шоми 21 январ буд ва бо ҳамин онҳо бедарак гардиданд.

Ба иттилои КҲФ, зоҳиран дар пайи барфрезии шадид ин се нафар роҳгум зада, бар асари сармо ҷон доданд.

Умеда Юсуфӣ таъкид кард, ки сабаби марги Солиевҳоро мақомоти дахлдор дақиқ хоҳанд кард. Ӯ илова намуд, ки амалиёти ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани Саидови 22-сола идома дорад.

Қаблан КҲФ аз ноустувории боду ҳаво ҳушдор дода, шаҳрвандонро даъват намуд, ки бидуни зарурат ба ҷойе сафар накунанд ва ҳамчунин аз рафтан ба минтақаҳои кӯҳӣ низ худдорӣ намоянд.

Барчаспҳо:
КҲФ, ҷустуҷӯ, гумшавӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ