09:19 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
877 0 0

Наздиконаш муқобили майнӯшии ӯ буданд. Аз ин рӯ, ӯ хост онҳоро бо роҳи захролудкунӣ ба қатл расонаду ба шаробмастии худ идома диҳад

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми Исломов Ҷалолиддинро эълон кард, ки дар қатли модараш ва заҳролуд кардани 6 аъзои хонаводаи худ муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи додгоҳи ин вилоят, Исломов, ки шаробмастиро дӯст медошту наздиконаш алайҳи ин феъли бади ӯ мубориза мебурданд, аз рӯи хусумати шахсӣ хост онҳоро аз ҳаёт маҳрум созад.

Ҷузъиёти парвандаи модаре, ки дар рӯзи ид 4 кӯдакашро кушт: фоҷиаи оилаи Тоировҳо

Гуфта мешавад, номбурда ба деги хӯроки хонаводааш 5-6 дона доруи "Азалептин" ва як миқдор пайвастагиҳои органикии фосфордор ва хлордорро андохт, ки дар натиҷа модараш заҳролуд шуда, ҷон аз даст дод.

Гузашта аз ин, аз авқоти заҳрдори Исломов 6 аъзои хонаводаи ӯ, аз ҷумла ду ноболиғ бо нишонаҳои шадиди заҳролудшавӣ ба шуъбаи эҳиёгарии беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон интиқол дода шуданд.

Зимнан, прокуратураи ноҳияи мазкур нисбати Исломов бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 32 қисми 3, 2 бандҳои "а,в,ж" Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, онро ба суд ирсол намудааст.

Рашки шавҳар: таҳдиди куштори марди 60-сола ва зани 31-сола

Ба ҳамин минвол, суди Хатлон Исломовро ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум намуда, адои ҷазои ҷиноятиро дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт сипарӣ мекунад.

Барчаспҳо:
заҳролуд, ҳукм, Хатлон, додгоҳ

Мавзӯъҳои асосӣ