22:55 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
5090 0 0

Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар бораи садамаҳо дар сохтмони НБО Роғун гузориш дод

ДУШАНБЕ, 2 феврал - Sputnik. Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар саноат ва назорати кӯҳкорӣ, зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт,  дар соли 2020, се нафар ҳангоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳалок шуданд.

Ғайр аз ин, 15 нафари дигар ҳангоми кор дар Роғун ҷароҳатҳои вазнини гуногун бардоштанд.

Санъат Раҳим шарҳ дод, ки садамаҳо дар нерӯгоҳи Роғун ба риоя накардани талаботи бехатарӣ марбут аст.

Ба гуфтаи роҳбари Хадамоти назорати давлатӣ, дар маҷмӯъ, соли гузашта дар корхонаҳо ва иншооти мухталифи дар ҳоли сохтмон дар Тоҷикистон 31 садама рух дода, дар пайи он 8 нафар ҳалок ва 33 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар маҷмӯъ, ба ҷабрдидагон ва оилаҳои қурбониён кумаки яквақта ба маблағи умумии 109,7 ҳазор доллар пардохт карда шуд, илова намуд Раҳимов.

Вай қайд кард, ки бинобар хунукназарӣ дар вақти кор, нисбати 20 роҳбари ташкилот чораҳои маъмурӣ андешида шуданд. Онҳо қариб ҳашт ҳазор доллар ҷарима шуданд.

Шабдолов роҳи ҳалли камбуди барқ дар Тоҷикистонро нишон дод: ин "Роғун" нест

Маблағи умумии ҷаримаҳо бинобар риоя накардани талаботи бехатарӣ дар корхонаҳо соли гузашта аз 74 ҳазор доллар гузашт.

Мавзӯъҳои асосӣ