18:36 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
942 0 0

Дастгиршуда қаблан низ барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шуда буд, вале новобаста аз гирифтани ҷазо, ӯ ҳамоно ба кори худ идома додааст

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар медиҳад, ки дар содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои котиботи РВУД дар пойтахт, ба кормандони пулис чандин арзу шикоят аз ҷониби шаҳрвандон ворид шуд.

акс аз РВУД
Меҳроби Дилшод гумонбар ба дуздӣ боздошт шуд

Муроҷиаткунандагон аз ин шикоят намуданд, ки шаби Соли нав аз ҷониби ашхоси номаълум шишаи мошинҳои онҳо шикаста шуда, аз дохили мошин пул ва дигар ашёҳои арзишнок дуздида шудааст.

Зимнан, кормандони пулис ҷавонеро боздошт карданд, ки дар содир намудани ин ҷиноят даст дорад.

Дастгиршуда, Меҳроби Дилшоди 21 - сола, сокини шаҳри Кӯлоб мебошад, ки қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шуда буд.

Шикояти шоири тоҷик аз “дуздӣ” – и ашъораш дар фазои маҷозии Эрону Афғонистон

Ӯ шаби 31 декабр ба 1 январ дасти кам 13 мошинро бо ҳамин роҳ мавриди ғорат қарор дод, ки аз ин амалаш аз ҳама беш Давлатова Назира сокини ноҳияи Фирдавсӣ  зарар дидааст.

Боздоштшуда аз худрави ин бону ба миқдори 5 500 сомонӣ ашёҳои арзишмандро рабудааст.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, феълан нисбати Дилшод парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Барчаспҳо:
мошин, боздошт, ҷавон, дуздӣ

Мавзӯъҳои асосӣ