23:50 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
171410

Риоя намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, бахусус автобус ниҳоят зарур аст, зеро шумораи мусофирони ин навъи нақлиёт ба маротиб бештар аст

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Сабқат барои ҳар чӣ бештар савор кардани мусофирон ду ронандаи автобусро ба ҷаримаи ҳангуфт ва ҳамчунин маҳрум сохтан аз ҳаққи ронандагӣ оварда расонд.

Ба иттилои Раёсати Вазорати умури дохилаи дар Душанбе, унвонии кормандони милисия як сокини пойтахт навореро ирсол намуд, ки дар он ташкил намудани пойгаи ғайриқонунии ду ронандаи автобуси мусофирбар сабт шудааст.

Дар навор маълум аст, ки ду ронанждаи воситаи нақлиёти ҷамъиятии автобус, ки дар дохилаш мусофирони зиёде ҳузур доранд, байни ҳам сабқат ташкил намудаанд.

Зимнан, кормандони РВУД дар шаҳри Душанбе ҳар ду ронандаи қонуншиканро даст намуданд. 

"Бердиев Саидмумумин ронандаи автобуси тамғаи АКИА ва Закиров Абдусалом ронандаи дигари автобуси тамғаи АКИА мебошад", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, нисбат ба ҳар ду ронанда бо моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳамакнун ҳар ду ронанда ба супоридани ҷарима аз 14 500 то 17 400 сомонӣ муваззаф шуданд. Илова бар ин, онҳо аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт ба мӯҳлати 2 сол маҳрум гардиданд.

Ташкили пойгаҳи шабона дар Душанбе: ронандаҳо боздошту ҷазо дода шуданд - навор

Ҳамзамон дар асоси фармоиши роҳбарияти Корхонаҳои воҳиди давлатии "Автобус 1" ва "Автобус 3" ронандагон Бердиев Саидмумин ва Закиров Абдусалом аз кор ронда шуданд.

Барчаспҳо:
навор, боздошт, автобус, ронанда, пойга

Мавзӯъҳои асосӣ