12:43 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
546421

Боздоштшуда мегӯяд, занаш хост аз ӯ ҷудо шавад ва ҳамроҳи фарзандҳои худ назди падараш равад. Пас аз фаҳмидани нияти ӯ, ҷавон бо корд нахуст ду маротиба ба қисмати синаи ҳамсараш зада, сипас сарашро аз тан ҷудо кард

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik.  Дар Перм муҳоҷири тоҷик ба таври ваҳшиёна ҳамсари ҳомила ва хусури худро куштааст, хабар медиҳад Кумитаи тафтишотии вилояти Перм. Ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Дзержинский дар кӯчаи Маяковский рух додааст.

Аз наворе, ки кумитаи мазкур нашр кардааст, чунин бармеояд, ки муҳоҷири тоҷик нахуст бо ҳамсари худ вориди муноқиша шудааст.

Ҳамсараш нияти аз ӯ ҷудо шуданро дошта, хоҳиш намудааст, ки бо роҳи осоишта кӯдаконашро гирифта, ба хонаи падараш равад.

Аммо пас аз шунидани ин ҳарфҳо, шавҳараш ду маротиба бо корд ба қисмати синаи занаш зада, сипас сарашро аз тан ҷудо намуд.

Пас аз ин, ӯ зуд бо хусураш дар тамос шуда, аз ӯ хоҳиши вохӯрӣ кард. Аммо ҳамин, ки хусураш пеши ӯ наздик омад, аввал салом дода, сипас бо корд чанд маротиба ба бадани ӯ зарба задааст.

Ҳарчанд пас аз ду ҳодисаи ба таври ваҳшоният қатл кардани падару духтар, ӯ фирор кард, вале кормандони пулис билфосила боздошаш карданд.

Гуфта мешавад, ҳар ду кушташуда, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. 

Куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар бо 13 захми корд

Манбаъ меафзояд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ҳадс зада мешавад, ки муҳоҷири тоҷик дар ҳолати мастӣ ба ин кори зишт даст задааст.

Барчаспҳо:
навор, муҳоҷири тоҷик, Перм, куштор

Мавзӯъҳои асосӣ