08:58 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
262 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади ду шикорчӣ - сокинони деҳаи Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Шикорчиён рӯзи 3 феврал ба кӯҳҳои Ромит ба шикор баромада, бедарак шуда буданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Гуфта мешавад, ки хабари бедарак шудани шикорчиёнро ба шуъбаи Кумита дар шаҳри Ваҳдат раиси ҷамоат расонида, барои ёрӣ дар ҷустуҷӯи одамон муроҷиат кардааст.

"Барои баргузории корҳои ҷустуҷӯӣ наҷотдиҳандагони Кумита сафарбар карда шуданд”, - омадааст дар хабарнома.

Ҳамроҳи наҷотдиҳандагон ва аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯӣ оғоз гардида, рӯзи 4 феврал ҷасадҳои онҳо дарёфт ва аз зери барф берун оварда шуда, ба наздиконашон супурда шуд.

Ҷасади шикорчиёни бедаракшуда
Ҷасади шикорчиёни бедаракшуда

Ҳалокшудагон сокинони 48 ва 32-солаи деҳаи Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит мебошанд.

"Сарфи назар аз чандин маротиба огоҳ кардан дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ ва худдорӣ варзидан аз кӯҳбароӣ бо мақсади шикору ҷамъоварии ҳезум ва чаронидани чорво, бархе аз шаҳрвандон онҳоро нодида мегиранд, ки мутаассифона, ба фоҷеа боис мегардад", - таъкид кардааст ин ниҳод.

Ба шикорчиёни ВМКБ тиру милтиқ доданд - аксҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон мекунад, ки обуҳавои гарми чанд рӯзи ахир хатари фаромадани тармаву ярч ва сангрезаро бештар мекунад ва аз ин рӯ, эҳтиёткору ҳушёр мебояд буд.

Барчаспҳо:
КҲФ ҶТ, ҳалокат, шикор, Ромит

Мавзӯъҳои асосӣ