12:37 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1310 0 0

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Абдумаҷид Собиров хабар дод, ки барои сабук кардани ҷазо аз айбдоршаванда маблағ талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Собиров Абдумаҷид дар вазифаи нозири Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ кор карда, даст ба қаллобӣ задааст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Собиров бо истифодаи мақоми хизматӣ, барои мусоидат дар таъйини ҷазои сабуктар нисбати шаҳрванд “А” аз ӯ пул талаб кардааст. Таъкид шудааст, ки парвандаи ҷиноятии шаҳрванд “А” дар суди ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор доштаст.

Ожонси мубориза бо фасод афзуд, ки нозири Шӯъбаи корҳои ислоҳӣ аз айбдоршаванда 10 ҳазор сомонӣ гирифта, боз оварда додани маблағи 8 ҳазор сомонии дигарро талаб намудаст. Илова шудаст, ки Собиров баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 8 ҳазор сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

Ба иттилои Ожонс, аз рӯи ин ҳолат нисбати Собиров барои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишот барои баррасӣ ба додгоҳ равона шудааст.

Феълан назари бевоситаи худи айбдоршаванда ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.

Барчаспҳо:
Ожонси мубориза бо фасод, боздошт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ