20:14 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
309302

Илҳом Мирзомиддинов, собиқ декан ва устоди Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар синни 61 - солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Яке аз масъулони ин Донишкада дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Мирзомиддинов зоҳиран солим буд ва гирифтори кадом бемории ҷиддии сироятӣ набуд.

"Ба дарс омада мерафтанд. Рӯзи 5 - уми феврал дар таҷлилили Иди Сада дар Донишкада иштирок намуданд, вале нисфирӯзӣ вақти баргаштан ба хона дар назди даромадгоҳ (подъезд) - и бино поёи равон ҷон ба Ҳақ таслим намудаанд", - гуфт манбаъ.

Мирзомиддинов Илҳом Мирзоевич соли 1960 дар ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Марҳум Донишгоҳи техникии шаҳри Душанбе ба номи М. Осимро бо ихтисоси технологияи мошинсозӣ хатм намуда, солҳои 1989- 1991 рисолаи номзадиашро дар назди донишгоҳи шаҳри Маскав ҳимоя кардааст.

Баъди хатми рисолаи номзадӣ, Мирзомиддинов фаъолияти меҳнатиашро дар Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, сипас ба кор ба Донишкадаи кӯҳию металургӣ даъват шудааст.

Бобоҷон Азизов - ҳунарманди маъруфи тоҷик даргузашт

Аз соли 2006 то соли 2010 декани факултаи электронмеханикаи Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон фаъолият намудааст. Баъдан дар вазифаҳои мудири Парки технологӣ ва то соли 2020 мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ кор кардааст.

Илҳом Мирзомидинов аз ҷумлаи камтарин олимони соҳаи технология дар Тоҷикистон дониста мешуд, ки дар тӯли фаъолияти беш аз 25 солааш, чандин асарҳои илмиро дар соҳаи технология таълиф намудааст.

Аз ҷумла, нахустин фарҳанги таҷҳизоти мошинсозӣ ба забони тоҷикӣ ҷониби ӯ баргардон шудааст.

Меҳвар Абдусаломов, яке аз ҳамкорони марҳум гуфт, ки Мирзомиддинов рӯзҳои охир дар талоши таълифи як фарҳанги барҷастаи соҳавӣ буд, аммо умр барояш вафо накард, то ин асарашро ба дасти шогирдонаш супорад.

"Мирзомиддинов ҳамеша барои рушди соҳаи технологияи тоҷик заҳмат мекашид ва то охирин лаҳзаи ҳаёташ бо шогирдон буд. Нафари донишманд ва дорои фарҳанги волои инсонӣ буд, аз табори мардони қавлу амал", - зикр кард Абдусаломов.

Дирӯз 6 феврал ҷанозаи устоди Донишкадаи Бӯстон дар қабристони канори масҷиди "Нури Ислом" дар Хуҷанд ба хок супурда шуд.

Барчаспҳо:
даргузашт, тоҷик, олим, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ