04:23 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Диловар Пирназарзода, муовини якуми раиси “Тоҷикстандарт” мегӯяд, Тоҷикистон пойбандияшро ба маҳсулоти гӯштии воридотӣ коҳиш додааст

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Пирназарзода, муовини якуми раиси “Тоҷикстандарт” зимни нишасти мабуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи солҳои охир воридоти маҳсулоти гӯштӣ аз хориҷ тақрибан се баробар кам шудааст.

Ӯ далел овард, ки агар соли 2017 ба Тоҷикистон 45 ҳазор тонна маҳсулоти гуштӣ ворид шуда бошад, соли 2020 ин нишондод ба 14,5 ҳазор тонна баробар шуд.

Мақомдори “Тоҷикстандарт” афзуд, ки соли 2018 ба кишвар 25 ҳазор тонна ва соли 2019 ҳудуди 21 ҳазор тонна маҳсулоти гӯштӣ ворид карда шудааст.

Пирназарзода мегӯяд, ҷои молҳои воридотиро дар бозори маҳсулоти гӯштии Тоҷикистон маҳсулоти тавлиди ватанӣ гирифтаанд.

Инчунин мақомдорони “Тоҷикстандарт” иддаоро, ки ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти гӯштии пастсифат ворид карда мешаванд, рад намуданд.

Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта беш аз 450 ҳазор кило маҳсулоти гӯштии ғайристандартӣ ошкор карда шуд, ки он асосан дар заминаи нақзи қоидаҳои нигоҳдорӣ дар анборхонаҳо ё нигоҳ надоштани ҳарорати муайян рух додааст.

Масъулини “Тоҷикстандарт” таъкид намуданд, ки воридоти маҳсулоти гӯштӣ бар асоси иҷозатномаҳо сурат мегирад, ки дар он аз тавлидкунанда то масири вуруди ин маҳсулот пешакӣ дақиқ карда мешавад.

Онҳо афзуданд, ки бехатарии маҳсулотро дар бозор таҳти назорат қарор додаанд.

Барчаспҳо:
"Тоҷикстандарт", гӯшт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ