18:29 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
470 0 0

Заминларза бо қувваи 4 баллӣ дар Қарокенҷаи Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Ин заминҷунбиро дар Фарғона ва Намангони Ӯзбекистон низ эҳсос карданд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар шимолу шарқи Тоҷикистон ва ҷануби Ӯзбекистон заминларзаи 4 - баллӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад, маркази зилзиласанҷии Академияи илмҳои Русия.

Такони заминро якбора чанд маркази зилзиласанҷии ҷаҳонӣ сабт карданд.

Масалан, тибқи маълумоти Маркази сейсмологии Урупо ва Миёназамин, заминҷунбӣ имрӯз соати 08:33 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Чуқурии зилзила дар масофаи 10 километр, 108 километр ҷанубтар аз Фарғонаи Ӯзбекистон ва 23 километр дуртар аз Қарокенҷии Тоҷикистон ҷойгир будааст.

Ғайр аз он, Маркази ҷумҳуриявии зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон қайд мекунад, ки заминларзаи 4 баллӣ 13 километр дуртар аз Намангон эҳсос шудааст.

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон якбора ду заминларза ба амал омад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора хабар надодааст.

Дар бораи талафоти молию ҷонӣ дар қаламравҳои ду кишвар гузориш дода нашудааст.

Барчаспҳо:
такони замин, такон, Ӯзбекистон, заминҷунбӣ дар Тоҷикистон, заминҷунбӣ

Мавзӯъҳои асосӣ