02:06 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
205 0 0

Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, мутаассифона як кӯдаки хурдсол, Эмомалӣ Шомаҳмадови 12-сола ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи гузашта, 8 феврал пас аз нисфирӯзӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.

Садама дар Ваҳдату ноҳияи Турсунзода ду кушта бар ҷой гузошт

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Портер",  Нуриддин Шоеви 35-сола, сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонистааст.

"Ӯ ҳангоми воситаи нақлиётро ба қафо рондан, ноболиғ Шомаҳмадов Эмомалӣ Раҳмоновичи 12-сола, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Дар натиҷаи Шомаҳмадов Э.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Барчаспҳо:
ҳалокат, кӯдак, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ