12:09 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
533 0 0

Ронандаи 37 - сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи "ЗИЛ" бархӯрд ва дар натиҷа ҷон аз даст дод

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Садамаи маргбори нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чанноқ рух додааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, самада рӯзи 9 феврал, тахминан соати 00:30 дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Гуфта мешавад, Эргашева Гулмираи 37 - сола, сокини ноҳияи Спитамен, ронандаи худрави "Опел - Астра" ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ" аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромад.

Дар натиҷа, ӯ ба автомашинаи "ЗИЛ", ки дар канори роҳ бидуни ҳаракат меистод, бархӯрд.

Манбаъ меафзояд, бар асари бархӯрд, Эргашева ва мусофирони дохили автомашина, Яқубова Умедаи 39 - сола ва Яқубова Хуршедаи 37 - сола,  истиқоматкунандагони шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Садама дар Анзоб: мошин чаппа шуду як нафар ҳалок гашт

Ронанда Эргашева бинобар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон фавтида, ду мусофири дигар зери назорати табибон қарор доранд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, роҳ, садама

Мавзӯъҳои асосӣ