04:11 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2557 0 0

Рӯзи дуюм мешавад, ки Тоҷикистонро заминларзаи 5 - баллӣ такон медиҳад. Дирӯз низ дар қаламрави кишвар заминҷунбӣ сатб шуд

ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Имрӯз дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминҷунбии шадид ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Академияи илмҳои Русия.

Такони замин шаб соати 00:34 бо вақти маҳаллӣ 42 километр шарқтар аз шаҳри Хоруғ, рух дод.

Маркази заминҷунбӣ дар умқи 200 километр ҷойгир будааст.

Ин заминҷунбӣ ҳам аз тарафи маркази зилзиласанҷии Русия ва ҳам Ӯзбекистон сабт шудааст.

Маркази Русия қувваи заминҷунбиро 4,6 балл, вале маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон онро 5 балл арзёбӣ кардааст.

Ин заминларза дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон эҳсос нашудааст.

Тоҷикистонро субҳи барвақт заминларзаи 5 баллӣ такон дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ин бора хабар надодааст.

Дар бораи талафоти ҷонию молӣ чизе гуфта нашудааст.

Барчаспҳо:
шиддати сахти такони замин, такони замин, Тоҷикистон, заминҷунбӣ, ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ