23:35 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1335 0 0

Тоҷикистонро рӯзи 12 феврал ду маротиба заминҷунбӣ такон дод. Заминлархаи нахуст дар ВМКБ сурат гирифт ва қувваи он ба 5 дараҷа баробар буд

ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Заминларзаи дуюм, ки рӯзи 12 феврал Тоҷикистонро такон дод, соати даҳи шаб рух дод.

Бар хабари идораи зилзилашиносии Тоҷикистон, шиддати заминларза дар Душанбе ба 2-3 дараҷаи Рихтер баробар буд.

Гуфта мешавад, заминларзаи мазкур талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар пай надошт.

Манбаъ меафзояд, маркази зилзила дар 420 - километр дуртар аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар қаламрави Чин сар зад.

Қувваи ларзиши замин дар маркази он ба 5- 6 дараҷаи Рихтер баробар будааст.

Зимнан, шаби 12 феврал тақрибан соати 00:43 дақиқа низ дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дода буд.

Тоҷикистонро субҳи барвақт заминларзаи 5 баллӣ такон дод

Маркази он 42 километр шарқтар аз шаҳри Хоруғ рух дод ва қувваи он ба 5 баллро ташкил медод. Ин заминҷунбӣ ҳам аз тарафи маркази зилзиласанҷии Русия ва ҳам Ӯзбекистон сабт шудааст.

Маркази Русия қувваи заминҷунбиро 4,6 балл, вале маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон онро 5 балл арзёбӣ кард.

Барчаспҳо:
Мурғоб, заминҷунбӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ