08:09 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1479 0 0

Дар парвандаи сокини 48 - солаи шаҳри Хуҷанд, номи собиқ раиси Кумитаи идораи замин низ доғдор аст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 48 - солаи шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, сокини маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд ба як корафтода замини наздиҳавлигӣ ваъда дода, маблағашро азхуд кард.

Дар парвандаи ин нафар номи собиқ раиси Кумитаи идораи замин дар шаҳри Хуҷанд низ доғдор аст.

Манбаъ меафзояд, сокини Хуҷанд соли 2015, бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ Раиси кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд, аз ӯ маблағи калон талаб кард.

Ваъда кард, ки аз Амрико "Тайота-Каролла" мебиёрад: боздошти қаллоб дар Душанбе

Гуфта мешавад, корафтода ба умеди соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудан, ба ӯ 13 ҳазор доллари амрикоӣ дод, аммо кораш барор нагирифт. Баръакс маблағи масрафкарда барои замин барбод рафт.

ВУДТоҷикистон мегӯяд, оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт, замин, қаллобӣ, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ