12:23 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2954 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи марговар дар роҳи Хуҷанд – Душанбе хабар додааст, ки бо марги падару писар анҷомидааст

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, садама нисфирӯзи 19-уми феврал дар ҷамоати Зиддеҳи ноҳияи Варзоб рух додааст. ВУД мегӯяд, сари чанбар падар будаст, КҲФ мегӯяд писар.

Бар асоси иттилои ВУД, Баҳрулло Саидови 53-сола сари чанбари мошини боркаши “Шакман” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарӣ чаппа шудааст. Дар ин садама худи ронанда ва писараш Алиакбар Саидови 29-сола ба ҳалокат расидаанд.

“Рӯзи 9-уми феврали соли 2021, тахминан соати 15:20-дақиқа ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Шакман”, Саидов Баҳрулло Мардонович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Варзоб ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати Зидеҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ чаппа шудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

КҲФ дар шарҳи ин нохушӣ иттилоъ додааст, ки садамаи мошини бензинкаш дар километри 64,100-и шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух дода, мошин ба нишебии умқаш 30 метр сарозер шудааст .

“Ронандаи ин мошин 29 сол дошта, истиқоматкунандаи деҳаи Муъминободи ноҳияи Файзобод будааст ва он рӯз аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд. Мусофири мошин падари 53-солаи ронанда будааст”, - омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Таъкид шудааст, ки сокинони маҳалӣ, ҷасади падару писарро аз нишебӣ бароварда, ба бемористони ноҳиявии Варзоб интиқол додаанд ва аз он ҷо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Барчаспҳо:
садама, Саидов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ