Ожонс: ҷарроҳи шифохонаи КДАМ аз модари сарбоз пул гирифт

© Фото : Агенство по контролю и борьбе с коррупцией РТВзятка медику, архивное фото
Взятка медику, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2021
Обуна шудан
Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон Фаридун Мирзоев, ҷарроҳи Шифохонаи марказии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-ро дар пулгирӣ аз модари сарбоз муттаҳам мекунад
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Мирзоев Фаридун, дар вазифаи духтури ҷарроҳи Шуъбачаи дармонгоҳи Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, даст ба тамаъҷӯӣ задааст.
Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Порагирӣ дар пандемия: табибони дастгиршударо дубора ба кор баргардонданд
Ожонс мегӯяд, Мирзоев  аз модари сарбоз “А”-шаҳрванд “Б” барои додани хулосаи номуносиб дар мавриди адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ, 20 ҳазор сомониро талаб кардааст.
“Аз ин маблағ 1 ҳазор доллари ИМА ва 2 ҳазор сомониро пешакӣ гирифта, боз оварда додани боқимонда 8 ҳазор сомониро талаб намуд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Мирзоев пас аз гирифтани 8 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд “Б” дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.
Дар ин хусус нисбати Мирзоев бо моддаи 324 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ парванда оғоз гардида, баъди анҷоми тафтишот барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Назари бевоситаи худи айбдоршаванда Мирзоев дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷониби хизматчӣ бар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё то ду соли зиндонро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0