10:06 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
321 0 0

Ҳарчанд рӯзи 23 феврал масири Хоруғ-Ишкошим пурра аз тарма тоза ва роҳ барои ҳаракати нақлиёт боз буд, вале шабонарӯзи гузашта пас аз фаромадани чанд тармаи дигар роҳ масдуд шуд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар роҳи мошингари Хоруғ - Ишкошим 16 ҳодисаи фаромадани тарма сабт шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ба иттилои манбаъ, тармафароӣ талафоти ҷонӣ надошт.

Манбаъ меафзояд, роҳи Хоруғ - Ишкошим баста буда, корҳои тозакунии роҳ аз ғарами барф идома дорад.

Гуфтаи мешавад, масири мазкур, бинобар боришоти шадиди барф ва фаромадани тарма рӯзи 21 феврал баста шуд ва рӯзи 23 феврал барои чанд муддат роҳ боз буд.

Зикр мегардад, ки барои тоза кардани барфтӯдаҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон техникаи махсус ҷудо кардааст, то пайомадҳои ин офат бартараф карда шаванд. Ҳоло корҳои поксозии роҳ идома доранд. Офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.

Тармаю маҳдудиятҳо дар роҳи Душанбе – Чаноқ: шарҳи IRS

Ҳамзамон Кумитаи мазкур бо сабаби бад шудани вазъи ҳаво аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, сафар ба маҳалҳои кӯҳӣ, сайругашт дар минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тарҳрезии сафарҳои худ аввал дар бораи вазъи роҳҳо иттилоъ пайдо ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд.

Барчаспҳо:
тарма, роҳ, Бадахшон

Мавзӯъҳои асосӣ