17:14 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
2801

Фаъолсозии панҷ корхонаи паррандапарварии ҷадид, ки ҳам гӯшт ва ҳам тухм тавлид мекунанд, ба коҳиши воридоти ин анвои ғизо мусоидат хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон интизор меравад панҷ корхонаи ҷадиди паррандапарварӣ фаъол шаванд, менависад хабаргузории "Авеста".

Ба иттилои мудири кулли корхонаи "Птитсепром"-и вазорати кишоварзии ҶТ Машокир Назаров, сохтмони ин корхонаҳо дар вилояти Хатлон ва Суғд идома доранд.

"Ду тои ин корхонаҳо ба тавлиди гӯшти мурғ ва боқӣ ба тавлиди тухм машғул мешаванд. Интизор меравад, ки корхонаи нахустин дар моҳи март дар вилояти Суғд фаъол шавад", — гуфт Назаров.

Вай хабар дод, ки дар соли ҷорӣ тавлиди 500 миллион дона тухм ва 2 ҳазор тонна гӯшти мурғ дар назар аст.

"Дар соли гузашта 420 миллион дона тухм ва 1,2 ҳазор тонна гӯшти мурғ тавлид шуда буд. Дар моҳи январи имсол 18 миллион дона тухм ва 371 тонна гӯшти мурғ тавлид шудааст", — зикр кард вай.

Назаров изофа кард, ки афзоиши тавлидот ба коҳиши чашмраси воридоти тухми мурғ аз хориҷи кишвар мунҷар шуд. Феълан, танҳо тухми барои баровардани чӯҷа ворид карда мешавад.

Ба гуфтаи вай, мушкили аслии корхонаҳои паррандапарварӣ таъмини ғизо барои паррандаҳо аст. Ин ғизо маъмулан аз кишварҳои дур, назири Аргентина, Лаҳистон, Олмон ва кишварҳои соҳили Балтика ворид карда мешавад.

Интизор меравад, ки бо таъсиси корхонаи вижаи тавлиди ғизои паррандаҳо рушди ин арса барои афзоиши тавлиди тухм ва гӯшти мурғ мусоидат хоҳад кард.

Мавзуъ

Дар Тоҷикистон ширкати рушди тиҷорат дар кишоварзӣ таъсис шуд
Таъсиси баталион нав барои анҷоми “амалиёти” кишоварзӣ
Барчаспҳо:
таъсиси корхонаҳои ҷадиди паррандапарварӣ, корхонаи паррандапарварӣ, Машокир Назаров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ