12:58 23 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Порлумони Тоҷикистон ду қарордодеро тасвиб кард, ки миёни ҳукумати кишвар ва БАБР имзо шуда ҷалби сармоягузорӣ ба бахши коркарди партовҳо ва таҷдиди порки троллейбусҳоро дар назар доранд.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Ду созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд аз сӯйи Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон 11 феврал тасвиб шуданд, омадааст дар хабари сойти порлумон.

Манзур аз тарҳҳои "Танзими партовҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа", ки тибқи он ба корхонаи давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" қарз ва кӯмак ироъа мешавад ва тарҳи "Тавсеъаи воситаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе" аст, ки барои корхонаи давлатии "Троллейбус" сармоягузорӣ ихтисос мешавад.

Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар ҷаласаи порлумон тавзеъ дод, ки тарҳи "Танзими партовҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа" азсаргирии фаъолияти нуктаҳои ҷамъоварии партовҳо ва маркази назоратӣ бар он дар маркази вилоят, бозсозии партовгоҳ, умури сохтмонӣ дар партовгоҳи феълӣ ва тавсеъаи онро дар назар дорад.

"Сохтмони партовгоҳи марказӣ бо меъёрҳои аврупоӣ, ки бозгӯи меъёрҳои зистмуҳитӣ мебошад, дар назар аст. Ҳамчунин умури тозакунии атрофи партовгоҳ, насби таҷҳизоти коркарди партовҳо, васоили нақлияи вижа ва таҷҳизоти корӣ дар нақша аст", — зикр кард вай.

Маблағи умумии ин тарҳ $4,9 миллион аст, ки қарзи БАБР $2 миллион ва маблағи боқимонда кӯмаки билоъивази БАБР мебошад.
Ин қарордод дар соли 2013 имзо шуда буд, вале тасвиби он, ки интизор мерафт моҳи октябри соли 2014 сурат мегирад, ба далели ироъа нашудани санади таъйид ба таъхир уфтод.

Тарҳи "Тавсеъаи васоили нақлияи мусофирбари Душанбе" низ соли 2013 имзо шуда буд. Ин тарҳ ихтисоси $8,2 миллиони сармоягузории БАБР ва бозсозии зеристгоҳҳои барқии порки троллейбусҳои шаҳри Душанберо ҳадаф дорад.

Мавзуъ

Сармоягузории БАБТ ба иқтисоди Тоҷикистон 4,5 маротиба афзоиш ёфтааст
Барчаспҳо:
тасвиби қарордодҳо, порлумон, Ҷамолиддин Нуралиев, Қӯрғонтеппа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ