08:57 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Маҳсулоти нимтайёри ғизоӣ. Акс аз бойгонӣ

Осоишгоҳи “Баҳористон” худкифо аст

© Sputnik / Алексей Даничев
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Маҳсулоти корхона пеш аз ҳама барои қонеъ гардонидани талаботи осоишгоҳи “Баҳористон” ва маркази солимгардонии кӯдакону наврасони “Шоҳин” пешниҳод карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дар шаҳри Қайроққум корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори Баҳористон фаъолият мекунад, менависад сайти расмии ҳукумати вилояти Суғд.

Аснои ифтитоҳи ин корхона дар рӯзи чоршанбеи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ширкат дошт.

Ба иттилои манбаъ, ин корхона иборат аз бинои маъмурият, бинои истеҳсолӣ ва бинои гармидиҳӣ бо анбори ангишт буда, тамоми масолеҳи сохтмонии дар бунёди онҳо истифодашуда моли ватанӣ мебошад.

Фаъолияти корхона ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва тайёри хӯрокворӣ, аз  ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ, сабзавоти коркардшуда ва хӯроки гарми якум ва дуюм равона карда шудааст. Он  дар масоҳати умумии 0,55 га бунёд ёфта, аз 3 коргоҳи алоҳида барои  коркарди гӯшт, сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ иборат аст.

Корхона бо технологияи муосир аз кишварҳои Аврупо, Русия ва Чин муҷаҳҳаз карда шудааст ва маҳсулоти он пеш аз ҳама барои қонеъ гардонидани талаботи осоишгоҳи "Баҳористон" ва маркази солимгардонии кӯдакону наврасони "Шоҳин" пешниҳод карда мешавад.

 

Барчаспҳо:
коркарди маҳсулоти нимтайёр, дар шимоли Тоҷикистон, корхонаи нав, маркази солимгардонии "Шоҳин", Осоишгоҳи "Баҳористон", Эмомалӣ Раҳмон, Қайроқум, вилояти Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ