09:39 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Биноҳои ҷадид дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Кумитаи меъморӣ: арзиши хона дар Тоҷикистон арзонтар шудааст

© Sputnik Амир Исаев
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бар ин назар аст, ки коҳиши қиммати маскан ба пешниҳодоти зиёд дар бозори манзил ва бӯҳрони иқтисодӣ марбут аст.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Арзиши манзили истиқоматӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта арзонтар шудааст, изҳор дошт муовини аввали Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Нуралӣ Саидзода дар нишасти матбуотӣ рӯзи чаҳоршанбе.

"Нархҳо хеле пойин рафтаанд. Соли гузашта як метри мураббаъи манзил аз 500 то 1200 доллар арзиш дошт, дар соли ҷорӣ манзилро бо қиммати аз 450 доллар барои як метри мураббаъ ва то 800-1000 доллар метавон пайдо кард", — гуфт вай.

В Согдийской области основан новый городок под названием Сайхун
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ба қавли ӯ, ин амр ба бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва мизони пешниҳодот дар бозори манзил бастагӣ дорад.

Ба иттилоъи Кумита дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 418 ҳазор метри мураббаъ манзил мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 136% нишондоди соли гузашта мебошад.

Маблағи умури анҷомдодашуда 1 миллиарду 762 миллион сомонӣ аст.

Барчаспҳо:
уфти қиммати манзил, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Нуралӣ Саидзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ