11:13 21 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.53
  • RUB0.14
Зарбазани Су-35. Акс аз бойгонӣ

Чин аз ҳама пеш ҷангандаҳои муосири Су-35-ро харид

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Чин нахустин кишваре мебошад, ки Русия бо он дар мавриди хариду фурӯши навтарин ҷангандаи Су-35 ба тавофуқ мерасад

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Русия ва Чин дар мавриди хариду фурӯши 24 ҳавопаймоии ҷангии Су-35 тавофуқномаеро имзо карданд, хабар додааст сардори бахши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва сиёсати минтақавии ширкати "Ростех" Виктор Кладов.

"Музокироти тулонии дуҷониб бо имзои тавофуқнома дар мавриди интиқоли 24 ҳавопаймои ҷангии Су-35 ба Чин анҷом ёфт", — гуфтааст ҷаноби Кладов.

Ӯ дар идома илова кард, ки дар ҳоли ҳозир Чин нахустин кишваре мебошад, ки Русия бо он дар мавриди хариду фурӯши навтарин ҷангандаи Су-35 ба тавофуқ мерасад.

"Чин нахустин кишваре мебошад, ки ба он ҳавопаймои ҷангити Су-35 интиқол дода мешавад ва ин албатта, баёнгари ҳамкориҳои мутаҷобилан судманд ва шарикии воқеии стратегии дуҷониб аст", — афзудааст ӯ.

Барчаспҳо:
тавофуқнома, Су-35, кишвар, Чин, ҷангӣ, хариду фурӯш, ҳавопаймо, Русия, ширкати "Ростех", Виктор Кладов, Чин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ