06:05 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Асбобоҳои мусиқии тоҷикӣ. Акс аз бойгонӣ

Гранти мири Хуҷанд барои дастгирии ҳунарҳои мардумӣ

© Sputnik Амир Исаев
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Дар арафаи 25-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ дар асоси озмун нафаронеро, ки ба ҳунарҳои мардумӣ шуғл доранд, 15 мукофот интизор аст.

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Мири шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дар бораи ҷудо намудани грант барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2016-ро қабул намуд.

Эълон ва таъсиси бурсияҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо мақсади дастгирии намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ  аз қабили: қолибофӣ, истеҳсоли адрасу атлас, дӯзандагӣ ва дигарҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар умум аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  15 бурсия таъсис дода шудааст. Ҳаҷми умумии грантҳо 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи мукофот ба се башх тақсим мегардад: 5, 3 ва 2 ҳазор сомонӣ.

Грантҳо дар асоси озмун ба ғолибон дода мешаванд. Интизор меравад, ки супоридани грантҳо ба ғолибон дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ сурат хоҳад гирифт.

 

Барчаспҳо:
ҳунарҳои мардумӣ, асбобҳои мусиқӣ, мусиқӣ, кумак, бурсҳо, грант, бурсияҳо, ҳукумати шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ