11:03 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Сессияи СММ. Акс аз бойгонӣ

Об барои рушди устувор: Питер Томсон пешниҳоди Тоҷикистонро қабул кард

© Sputnik / Yuryi Abramochkin
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
3137147

Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21-уми декабри соли равон пешниҳоди Тоҷикистонро оиди эълон доштани солҳои 2018-2028 чун “Об барои рушди устувор” қабул кард

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Питер Томсон раиси Маҷмаи умумии СММ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикотӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матуботи президенти ҶТ.

Дар номаи шодбошӣ аз ҷумла омадааст: "Бо камоли ифтихор мехостам Шумо ва мардуми Шуморо бо қабули муваффақонаи қатъномаи "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028", ки рӯзи 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, табрик намоям".

"Боварии комил дорам, Даҳсолаи нав, ки ба масъалаҳои рушди устувор ва истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, аз ҷумла пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо таваҷҷуҳ дорад, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар рӯзномаи рушди устувори 2030 инъикос шудаанд, мусоидат намояд",-омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин имрӯз президенти ҶТ Эмомлаӣ Раҳмон зимни ироаи паёми президент ба парлумон мардуми тоҷикро бо қабули ташаббуси даҳсолаи амалиёти об табрик гуфт.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити об ба Будапешт рафт
Масъалаи истифодаи об байни Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд
Симпозиуми об дар Душанбе бо қабули эъломия анҷом ёфт
Барчаспҳо:
Об барои рушди устувор, 2018-2028", эълони даҳсолаи об, СММ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ