00:14 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Саноат
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Ин намоишгоҳ ба боздидкунандагон ин имконро медиҳад, ки бо тавлидоти саноъеи сабук, мошинсозӣ, худравсозӣ, нассоҷӣ, кимиёӣ ва электротехникии Узбакистон ошно шаванд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Нахустин намоишгоҳ-фурӯшгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон дар Тоҷикистон 17 — 21 апрел дар Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин бора РИА Новости ба нақл аз сухангӯи Утоқи бозаргонӣ ва саноъеи Тоҷикистон Мукаммал Раҷабӣ гузориш додааст.

"Ширкатҳои узбакӣ дар ин намошгоҳ тавлидоти саноъеи сабук, мошинсозӣ, худравсозӣ, нассоҷӣ, кимиёӣ ва электротехникиро намоиш хоҳанд дод", — мегӯяд вай.

Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ фаровардаҳои атрсозон, дорусозон, мебелсозон, болобарҳо, афзорҳои беҳдоштӣ, масолеҳи сохтмонӣ, корафзорҳои кишоварзӣ, таҷҳизоти пизишкӣ ва варзишӣ, либос, пойафзор ва дигар ашёи рӯзгор ба намоишу фурӯш гузошта мешаванд.

Бино ба гуфтаи Мукаммал Раҷабӣ, дар ин намоишгоҳ соҳибкорони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки бо маҳсулоти тавлидкунандагони узбакистонӣ ошно шаванд ва иттилоъоти лозимро дар бораи дастгоҳҳо ва фанновариҳои нав дарёфт кунанд.

Барчаспҳо:
маҳсулоти саноат, намоишгоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ