Вазорати кишоварзии ҶТ: саршумори чорво дар кишвар афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкФермерское хозяйство в Чеченской Республике
Фермерское хозяйство в Чеченской Республике - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз дастовардҳояш дар соли 2017 гузориш додаву мегӯяд саршумори чорво ва тавлиди маҳсулоти чорводорӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати кишоварзии ҶТ, дар ҳама бунаҳову бунгоҳҳои кишоварзии Тоҷикистон 2 309 613 сар чорво, аз он ҷумла 1 189 733 сар модагов, 5 567 354 сар гӯсфанду буз, 5 255 667 сар паранда парвариш меёбад.

Аз ин саршумор, 162 482 сар гов (7 дарсад), 1 005 448 сар гӯсфанду буз  (18,1 дарсад) ва 1 814  508 сар паранда  (34,5 паранда дар бунгоҳҳои кишоварзӣ парвариш мешавад. Дар маҷмуъ 80,2 дарсад чорво ва парандаҳо дар бунаҳо ё хонаводаҳо парвариш меёбанд.

Рыбный базар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Моҳипарварӣ дар Тоҷикистон: тавлидот бештар, вале нарх ҳам гаронтар

Бино ба омори Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2017 нисбат ба соли 2016 саршумори чорвои калон 1,4 дарсад, гӯсфанду буз 2,8 дарсад, паранда 2,8 дарсад ва асп 0,6 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин дар ин гузориш омада, ки дар соли 2017 бунгоҳҳои кишоварзии Тоҷикистон 248 769 тонна гӯшт, 949 912 тонна шир, 341 400 млн дона тухм, 4 102 тонна асал ва 2 054 тонна моҳӣ тавлид кардаанд.

Бино ба бароварди коршиносон, ҳаҷми тавлиди маҳсулоти чорводорӣ дар кишвар ба 7,6 млрд сомонӣ расида, ки 5,6 дарсад бештар аз соли 2016 аст.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2017 ба 24 млрд 576 млн сомонӣ расонида шуд, ки 6,8 дарсад аз соли 2016 бештар аст.

Лентаи хабарҳо
0