Эмомалӣ Раҳмон пахтаро бо усули зерипардагӣ кишт кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ошно шудааст

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҷамъияти мазкур ба фаъолияти кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, аз калонтарин муассисаҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия ба шумор меравад, менависад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев асосан ба парвариши пахта машғул буда, дар он заминҳои корами он ғалладонагӣ ва сабзавот низ кишт карда мешавад. Ҳамчунин ҷамъияти мазкур дар масоҳати 603,55 гектар замин боғ бунёд намудааст, ки феълан нашъунамои хуб дорад.

"Дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар бригадаи рақами 7-и ҷамъияти мазкур ба кишти пахта бо усули зерипардагӣ оғоз бахшид", — омадааст дар хабарнома.

Эмомали Рахмон открыл гостиницу Парламент в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд меҳмонхонаи байналмилалӣ ифтитоҳ кард

гуфта мешавад, ки имсол танҳо дар ҳамин бригада дар масоҳати 75 гектар замин кишти пахта гузаронида мешавад, ки аз ин 46 гектари онро кишти пахтаи зерипардагӣ дар бар хоҳад гирифт.

Ба иттилои масъулин, кишти пахта бо усули зерипардагӣ имконият медиҳад, ки пахта қабл аз муҳлати муқаррарӣ барои чидан омода гашта, ҳамзамон аз лиҳози ҳосилнокӣ низ бартарияти зиёд дорад. Ҳамчунин ин усул ба сарфакорона истифода бурдани замин низ мусоидат хоҳад кард.

Манбаъ меафзояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва баланд бардоштани самаранокии замин ба деҳқонон дастуру маслиҳатҳои муфид додааст.

Лентаи хабарҳо
0